[:tj]Дар партави Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муқаррароти Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 9 майи соли 2017, №202 “Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатари дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 дар Федератсияи Россия аз 25 май то 25 июли соли 2018” Бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Сангвор дар ҷамоатҳои деҳоти Тавилдара ва Чилдараи бо иштироки зиёда аз 100 нафар сокинони деҳоти кўҳистон мулоқоти самарабахш баргузор намуд.
Зимни ҳамоиш ба иштирокчиён оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд гуфтугўи судманд сурат гирифт.
Масъулини чорабинӣ дар ин вохўриҳо суханронӣ намуда, ба саволҳои сершумори иштирокчиён посухҳои мушаххас дод.
Чунин вохўриҳои судманд дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ дар назар аст.
Муҳаббатшо Раҳматов,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Сангвор
[:]