[:tj]
Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Роғун якҷоя бо КИ ҲХДТ шаҳр чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар маркази шаҳр, ҷамоатҳо ва шаҳраку деҳот гузарониданд, ки дар он зиёда аз 150 нафар сокинону фаъолон, раисони ҷаоматҳо, ходимони дин ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақавӣ ширкат варзиданд.
Дар рафти чорабиниҳо баромадкунандагон доир ба муҳоҷирати бехатар, мубориза бо хатарҳои замони муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, кор бо муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия муваққатан манъгардида, масъалаи ободонии манзили истиқоматии шаҳрвандон ва дигар иншоот бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам баррасӣ шуд.
Тибқи маълумоти пешниҳод намудаи бахши Хадамоти муҳоҷират, дар ин чорабиниҳо намояндаи шабакаҳои барқи шаҳри Роғун низ ширкат варзида, дар байни кормандони корхонаи КВД «СОКО ва ХМК дар мавзўъҳои сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии нерўи барқ суханронӣ намуд.
Намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират вобаста ба муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар симои иштирокчиён аз аҳли ҷомеа хоҳиш намуд, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан ба кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳоднамудаи шахсони шубҳанок, ки онҳоро намешиносанд, бовар накунанд. Зеро шахсони ниятҳои нопокдошта метавонанд ба онҳо таъсир расонида, гумроҳ ва ба созмонҳои экстремистию террористӣ ҷалб намоянд.
Бо назардошти ин, пеш аз сафар дар бахши Хадамоти муҳоҷират оид ба муҳоҷирати бехатар машварати ройгон гирифтан, аз хизматрасонии муассисаҳои давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе босамар истифода бурданро тавсия дод.
Дар фарҷоми чорабиниҳо иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифтанд. Аз аз ҷониби ташкилкунандагон маводҳои иттиллоотии ройгон тақсим гардид.
Фазилат Ниёзалиева
мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Роғун
[:]