[:tj]
Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави “коронавирус” (КОВИД-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 27 марти соли равон, барои иҷро ва роҳбарӣ қабул гардида, дар ин замина ситоди ноҳиявӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳия таъсис дода шуда, бо сокинони ноҳия мунтазам вохўриҳои судманд баргузор мегардад.
Дар баробари ин, бо мақсади андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ, баргузор намудани маъракаи безараргардонии утоқҳои корӣ ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, инчунин аз назар гузаронидани ҳолати омодагии маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби фаъолони ҲХДТ, ҳизбҳои сиёсии дигар, аҳли зиё ва табибону омўзгорон таҳия ва тасдиқ гардид.
Инчунин, бо роҳбарии ситод аз ҷониби муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Варзоб дар асоси мактуби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020, № 10-809 барои харидорӣ намудани ниқобҳои тиббӣ, рахти хоб, ҷойпўшҳо, хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, спирти тиббӣ ва маводҳои шустушўй бо корхонаи саноатии ватанӣ ҶДММ “Фарм Текс” шартномаи тарафайн баста шуд.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади тақвият бахшидани ин раванд вобаста ба иҷрои бандҳои нақшаи мазкур 6 апрели соли ҷорӣ бо иштироки бевоситаи роҳбари гуруҳи корӣ, бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина ва раиси ситоди ноҳиявӣ-раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар дар ҷамоатҳои деҳоти Варзоб-Қалъа, Деҳмалик ва шаҳраки Такоб вохўриҳои пешгирикунанда оид ба бемории сироятӣ “коронавирус” бо аҳли ҷамоатчигӣ доир гардид.
Инчунин, 11 апрели соли равон вохўрии раиси ситоди ноҳиявӣ-раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар бо иштироки аъзои ситод, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, маҳаллаҳо, имомхатибони масчидҳои ҷомеъ ва панҷвақта бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави “коронавирус” (КОВИД-19) дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот аз ҷониби раиси ситод ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирии вируси мазкур ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ тавсияҳо пешниҳод гардида, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масчидҳо барои расонидани маълумотҳои зарурӣ бобати пешгирӣ аз сироятёбии вируси нави “коронавирус” (КОВИД-19) ба шаҳрвандон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, 14 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби аъзоёни ситод дар се деҳаи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа бо иштироки раисони маҳалла ва шумораи зиёди аҳолӣ бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ вохўриҳои судманд баргузор гардиданд.
Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қарор дорад.
Орифҷон Олимзода
мудири бахши Хадамоти
муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб
[:]