Вохўриҳои ҷолиб оиди пешгирии “коронавирус” бо сокинони вилояти Суғд

[:tj] 

 

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии бемории сироятии  “коронавирус” дар моҳи равон 5 вохўрӣ бо сокинони вилоят гузаронида шуд.

Тавре директори марказ Умедахон Ҳошимова иброз кард, дар ҳамкорӣ бо МТК дар ноҳияи Б. Ғафуров 13 – нафар шаҳрвандон бо касби адрасбоф  ба  касбомузӣ  равона  карда шуд, 5 – нафар касби қолинбофиро  хатм  намуданд.  Дар МТК – и шаҳри Истаравшан – 8 нафар муроҷиаткунадагон касбҳои дўзандагӣ ва операторро хатм намуда, соҳиби ҷои кор гардиданд.

Инчунин, аз тарафи марказ 1000 адад варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии“коронавирус” ба чоп расонида шуд.

Дар рафти вохўрӣ ба ширкаткунандагон варақахои иттилоотӣ вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии бемории сироятии  “коронавирус” тақсим карда шуд.

 

                                МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш

                       аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо