Вохўрӣ бо муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ

[:tj]Дар ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара вохўрӣ бо муҳоҷирони экологӣ доир гардид. Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр М. Ахмедов суханронӣ карда иброз намуд, ки баъди ҷудо намудани замин дар мавзеи Даҳана муҳоҷирони экологӣ фавран ба корҳои сохтмонӣ шурўъ менамоянд.

Ҳамин гуна мулоқот бо ибтикори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар ҷамоати деҳоти Ворух низ доир шуд. Зимни мулоқот маълум гардид, ки дар мавриди тақсим кардани қитъаҳои замин барои муҳоҷирон, баъзе масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд. Новобаста ба ин шуъба дар ҳамкорӣ бо филиали №29 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар самти дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок барои муҳоҷирони экологию дохилӣ мусоидат карда истодааст.

Дар ҳар ду вохўрӣ ба шаҳрвандон моҳияти Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 09.05.2017, №202 “Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 дар Федератсияи Россия” фаҳмонида, онҳо ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бунёдкорию созандагӣ даъват карда шуданд.

                                                                        Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират                                                                                             дар шаҳри Исфара[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо