Вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид бо раиси Кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Ҳукумати Санкт-Петербург Чернейко Дмитрий Семёнович

[:tj]18 октябри соли 2018 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид раиси Кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Ҳукумати Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Чернейко Дмитрий Семёнович ва ҳайати ҳамроҳҳонашро баҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум  ҷараён гирифт, масъалаҳои марбут ба раванди ҳамкориҳо дар соҳаҳои дахлдори фаъолияти вазорат, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ     ва масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳо дар солҳои минбаъда мавриди муҳокимаю баррасии тарафайн қарор дода шуданд.

Зикр гардид,  ки баъди шаҳри Москва ва вилояти он шаҳри Санкт-Петербургу  вилояти Ленинград  мақоми дуюмро доир ба қабули муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. Мувофиқи маълумоти мақомоти  ваколатдор дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ҳамасола беш аз 150 000 шаҳрванди Ҷмуҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти  муваққатии меҳнатӣ машғуланд.

Бо хушҳолӣ қайд карда шуд, ки равобити Вазорат  бо Кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Ҳукумати Санкт-Петербург баъди гузаронидани Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе (7-9 ноябри соли 2014)  рушду тавсеа ёфтанд.

Дар доираи   Нақшаи  чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ миёни Кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд.  Тартиби ҳамкорӣ ва ҳамдастии Тарафҳо оид ба  ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Санкт-Петербург муайян карда шуд. Бо дастгирии Кумитаи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар (Қурғонтеппа) Марказҳои машваратӣ ва бокортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои Санкт-Петербург  кушода шуданд. Тавассути ин марказҳо теъдоди муайяни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муташаккилона дар муассисаю ташкилотҳои Санкт-Петербург бо кор таъмин карда шуданд. Қарор шуд, ки фаъолият дар доираи ин лоиҳа минбаъд ҳам васеътар карда шавад.

Ҷонибҳо омодагии ҳаматарафаи худро баҳри таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳо  ба  манфиати рушди босуботи ду кишвар ва мардуми он иброз намуданд.

Бояд қад намуд, ки вохӯрии мазкур дар доираи Барномаи Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе (рӯзҳои 17-20 октябри соли 2018) доир гардид.

Инчунин дар доира барномаи мазкур дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» мизи мудаввар бо иштироки намояндагони масъули Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Санкт-Петербург оид ба мубодилаи таҷриба дар самти меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардид.

Дар доираи он Созишнома байни Муассисаи давлатии автономии «Маркази захираҳои меҳнатии Санкт-Петербург»  ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Санкт-Петербург ба имзо расонида шуд.

                                                Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                 аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо