17 майи соли равон вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо роҳбари Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Иброҳим Эрбир сурат гирифт.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минбаъда муҳокима гардиданд. Дар мулоқот қайд карда шуд, ки ҳамкории Вазорат бо Агентии мазкур аз соли 2009 оғоз гардида, дар доираи ҳамкориҳо то ин ҷониб оид ба таъсиси заминаҳои моддию техникӣ, аз ҷумла бо таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонидани МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва дигар муассисаҳои таълимии Вазорат як қатор корҳо ба анҷом расидаанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳо иброз намуданд.