Имрӯзҳо дар миқёси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси нақша – чорабиниҳои раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Рушди ҷомеа” якҷоя бо раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд силсилаи мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла фаъолон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо роҳандозӣ шуда истодааст. Мақсад аз ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ таъмини иҷрои “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021”, огоҳонидан ва баланд бардоштани сатҳи маърифатии шаҳрвандон мебошад.
Дар рафти ин гуна мулоқотҳо натанҳо мавзӯи муқовимат ба савдои одамон, балки дигар мавзӯъҳо, аз ҷумла муҳоҷирати бехатар, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, пешгирии бемориҳои сироятӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра низ баррасӣ мешаванд.
Рустам Ҷамолов ба ҳайси намояндаи раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят иштирокчиёни чорабиниро огоҳ намуд, ки дар раёсат, бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан, Муассисаи давлатии “Марказҳои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ амал мекунанд. Ҳар нафари дилхоҳ метавонад шиносномаи худро санҷида, вазъи ҳуқуқиашро муайян намояд ва оид ба муҳоҷирати бехатар ба таври ройгон маслиҳат гирад. Ҳамчунин ба муроҷиаткунандагон ҳаргуна варақаҳои иттилоотӣ, буклету дастурамалҳо дастрас карда мешавад.
Пеш аз ҷамъбасти мулоқот саволу ҷавоби озод доир гардид. Чорабиниро муовини раиси ҷамоат ҷамъбаст ва баташкилкунандагони он миннатдорӣ баён кард.
Мардон ҚУРБОНОВ