Вохӯрию сӯҳбатҳо бо ибтикори Вазорат

[:tj]Вохӯрию сӯҳбатҳо бо ибтикори Вазорат

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират оид ба пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дучор шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба савдои одамон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сӯҳбатҳо доир намуда истодааст.

Аз ҷумла, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сардори Раёсати ҳуқуқи Вазорат аз 24 то 30 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд,  Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бо аҳли ҷомеа мулоқоту сӯҳбат баргузор намуд. Дар умум 7 чорабинии маърифатӣ бо иштироки зиёда аз 400 нафар шаҳрвандон доир гардиданд.

Ҳамчунин дар ҳамин давра гурӯҳи дигари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Деваштич ва Айнӣ дар байни аҳли ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ бурд. Дар ин чорабиниҳо низ зиёда аз 400 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд.

                                                                 Раёсати ХМ дар вилояти Суғд

 

Идомаи вохӯрию сӯҳбатҳо

         Бо мақсади иҷрои супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.07.2017, №5.2/1848 оғоз аз 1 августи соли равон дар вилояти Суғд марҳилаи дуюми вохӯрию сӯҳбатҳо бо шаҳрвандон оғоз ёфт.

Тибқи нақша гурӯҳи корӣ аз њисоби кормандони Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат аз 1 то 7 август дар ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод ва Мастчоҳ бо аҳли ҷомеа вохӯрию сӯҳбатҳои маърифатӣ доир менамояд.

Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳои ба нақша гирифташуда бо дастгирии Созмони байналмилалии муҳоҷират гузаронида мешаванд. Мавзӯи асосии онҳо пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дучор шудани шаҳрвандон ба савдои одамон мебошад.

Дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои нақшавӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо саҳми худро гузошта истодаанд.

                                                                  Раёсати ХМ дар вилояти Суғд

 

 

Пешсафии ҶС «Иттиҳодияи автовокзалҳо»

Бо оғози моҳи август фаъолияти ҶС «Иттиҳодияи автовокзалҳо», ки дар асоси Иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мусофиркашонии байналмилалӣ машғул аст, тақвият ёфт.

1 ва 2 август аз ҷониби субъекти хоҷагидори мазкур 5 гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳрҳои Москва, Красноярск, Екатеринбург, Новосибирск ва Сургути Федератсияи Русия сафарбар гардиданд.

Бино ба гуфтаи роҳбаладон М. Ғоибова, С. Устобоева, М. Шодиева, М. Маҳкамов ва М. Шарифов мӯҳлати муҳоҷирати меҳнатии сафарбаршудагон 1 сол пешбинӣ шудааст. Аксари онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошанд.

Дар давоми 2 рӯз наздик ба 100 нафар сафарбар шуданд. Пеш аз сафарбаркунӣ кормандони Раёсати Хадамоти муњољират дар байни муҳоҷирон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд ва қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро фаҳмониданд.

                                                                    Раёсати ХМ дар вилояти Суғд

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо