Вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳот

[:tj]Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо намояндагони Маркази ВНМО ва БПНМ  ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҷамоатҳои деҳоти М. Абдуллоев ва Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, фаъолон, ҷавонон вохӯрӣ доир намуданд. Дар он  масъалаи роҳҳои пешгирии беморшавии ВНМО ва қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия баррасӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ С. Маҳмадшарипов корманди иҷтимоии Марказ, Х. Балаҷонов директори маркази ТТҲС баромад намуда, таъкид намуданд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Россия баргашта барои мутмаин шудан  аз саломати худ бояд ҳатман аз муоинаи ташхиси тести лабараторӣ ВНМО гузаранд.

Дар охир варақаҳои иттилоотӣ оид ба роҳҳои пешгирии бемории ВНМО ва қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия ба иштирокчиён тақсим карда шуд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират

дар ноҳияи Ванҷ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо