Вохӯри бо донишҷӯёни литсей

[:tj]Бо ибтикори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд мулоқот бо донишҷӯёни литсейи касбии сохтмонии №31-и маркази вилоят доир гардид, ки дар он 35 нафар иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки мавзӯи асосии ин мулоқот муҳоҷирати бехатар, омодагии пеш аз сафар ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои экстреместӣ буд, ки аз фармоиши Хадамоти муҳоҷират аз 9 декабри соли 2016, №28 «Дар бораи Стретегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба эктремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» сарчашма мегирад.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии директори литсей Зӯҳро Ҳакимова оғоз ёфт. Баъдан дар назди иштирокчиён сардори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова суханронӣ кард.

Баъди шунидани баромад дар байни иштирокчиён ва баромадкунанда музокира барпо гардид, ки дар рафти он донишҷӯён барои мулоқоти маърифатӣ изҳори сипос намуданд.

 

  •                                                         Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират 
  •    дар вилояти Суғд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо