Вохӯрӣ бо директори Бюрои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират

[:tj] 

 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Бюрои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва мулоқот намуд.
Шоми 9 феврали соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо директори Бюрои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирони меҳантӣ, тақвияти ҳамкориҳои муштарак бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар доираи барномаҳои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо