Вохӯрӣ бо намояндаи бонки Осиёгӣ

[:tj]17 июн Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Тоҳир Каримзода намояндаи бонки Осиёгӣ, роҳбари гурӯҳ, мутахассис оид ба омодагӣ ва шуғл Виктор Якупецро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ Сардори Хадамот муфассал дар бораи фаъолияти «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» сухан ронда, кайд карданд, ки айни замон дар назди Хадамоти муҳоҷират 4-то Марказҳо фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ. Мутаассифона, аз сабаби набудани маблағ, боќимонда 7 Маркази дигар ба кори худ оғоз накард. Ҳамчунин ӯ доир ба беҳтар намудани шароиту фаъолияти кории Марказҳо чӣ эҳтиёҷ ва норасоиҳо дорад ба Виктор Якупец маълумот дод.

Дар навбати худ Виктор Якупец оиди кумак дар бораи бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин намудани Марказҳо ва таъмири онҳо  ибрози аќида намуда, гуфтанд, мутобиќи лоиҳа бонки Осиёгӣ омодааст кумаки хешро расонад.

Мулоқот дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Сипас, меҳмонон аз Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дидан намуданд.

                                                                                     Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо