Вусъати корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе

[:tj]Чанде пеш дар маҳаллаи Авестои ноҳияҳои Синои шаҳри Душанбе ҳамоиш бо иштироки фаъолон, ҷавонон ва сокинони маҳалла баргузор гардид. Ин ҳамоиш тибқи нақшаи баргузории корҳои иттилоотонӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.

Дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази шаҳри бемориҳои пуст ва зуҳурравӣ (МШБПЗ), масъули кор бо ҷавонони ноҳияи Сино, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иштирок ва баромад намуданд.

Яке аз мавзуҳои баррасишаванда дар ин ҳамоиш масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ буда, дар алоқамандӣ бо навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия  мебошад. Ин мулоқот дар мактаби таҳсилоти миёни умумии №33 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Раёсат ва сокинони ноҳия, ки дар маҷмуъ 105 нафарро ташкил мекард, доир гардид.

Дар фарҷоми вохўрӣ ба иштирокчиён 62 адад буклет бо номгўи зерин: «Патент гир, қонунӣ кор кун» ва 10 адад рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» тақсим карда шуд.

Инчунин зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати ҳали мушкилиҳо метавонанд ба Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рўдакӣ-37 (рў ба рўи ТВ «Сафина»), ё бо рақами 221-08-34 муроҷиат намоянд.

                                                                     Фирдавс Бозоров

сармутахассиси Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти                 муҳоҷират дар шаҳри Душанбе [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо