Вусъати корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон

[:tj]Ҳамарӯза  дар  синфхонаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо сокинони пойтахт ва шаҳрвандони гирду атрофи он корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ гузаронида мешавад.

Ба ҳар як иштирокчӣ оид ба  талаботи нави қонунҳои Федератсияи  Россия, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлатҳои муқаррар гардида  ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани  патент ба  Сарраёсати Вазорати  корҳои дохилии Федератсияи Россия барои масъалаи муҳоҷирати   меҳнатӣ, гузаштан аз муоинаи тиббӣ, баъди бозгашт аз Федератсияи  Россия,  инчунин ҷиҳати пешгири аз бемориҳои сироятии сил ва ВНМО, зарурати ҳатми будани ташхиси тиббӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни суханронӣ кормандони шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳии  Раёсат ҳозиринро аз хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм бохабар сохта, муҳоҷирони меҳнатиро ба ҳушёрии сиёсӣ, наафтодан ба доми фиребу найранги бадхоҳону душманони миллат ва напайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро низ даъват намуданд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар якҷоягӣ бо сохторҳои зертобеъ то интиҳои сол дар “Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе” ва “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”ҳамин гуна чорабиниҳои иттилоотӣ маърифатиро ба роҳ монад.

Дар фарҷоми вохӯриҳо бо иштирокчиён буклетҳо бо номгӯи «Бемории сил», «Патен гир қонунӣ кор кун», «Мо бар зидди терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ», инчунин рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» дастрас гардид.

                                                                                            Фирдавс Бозоров

                                                                     сармутахассиси шуъбаи қабул ва 

                                                маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                дар шаҳри Душанбе

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо