В.В. Путин муҳоҷири тоҷикро қадрдонӣ намуд

Миллати тоҷик аз азал бо созандагиву бунёдкорӣ ва заҳмату талошҳои пайвастааш дар тӯли ҳазорсолаҳои таърихӣ тавонистааст, ки худро ҳамчун миллати фарҳангсолор, созанда ва бунёдгузор муаррифӣ намояд.

Ин аст, ки дар тӯли таърих ин миллат тавонист дар рушди илму фарҳанг, санъату маданият ва корҳои созандагиву бунёдкории халқҳои гуногуни олам, аз ҷумла халқҳои Осиё саҳмгузорӣ намояд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати созанда ва шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия садҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият ва таҳсилу зиндагӣ менамоянд, ки ин самараи муносибатҳои дӯстонаи ин ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар мебошад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Федератсияи Россия фаъолият намуда, дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Яке аз муҳоҷирони муваффақи тоҷик, ки дар Федератсияи Россия дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ин Камолов Парвиз Аҳрорович мебошад.

Номбурда аз таҷрибаи бойи андухта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба соҳаи кишоварзӣ машғул гардида, дар муддати кӯтоҳтарин ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Парвиз Аҳрорович дар ҳавзаи Шимолу Ғарби Федератсияи Россия 100 гектар замини кишоварзиро расман гирифта, бо ҳамватанони худ ба истеҳсоли сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза машғул мебошад.

Ин аст, ки заҳмату талошҳои ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Федератсияи Россия ба инобат гирифта, бо фармони Президенти Федератсияи Россия бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки аз ҳосили заҳмати худ Камолов Парвиз барои эҳтиёҷмандон, корафтодагон ва мактабитернатҳои минтақавӣ дасти кӯмак дароз менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар давраи пандемияи коронавирус Парвиз барои муҳоҷирони тоҷик ва оилаи онҳо, донишҷӯён ва дигар шахсони эҳтиёҷманд мадад намуда буд.

Маркази матубои Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо