Гардиши хона ба хона идома меёбад

[:tj] 

 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад, ки аз 28-уми август то 1-уми сентябри соли ҷорӣ 222 нафар, аз он ҷумла 20 нафар зан, 9 нафар ноболиғ шаҳрвандони ватанӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудагон дар истироҳатгоҳи бачагонаи «Барқчиён» бистарӣ гардида, онҳоро муддати кӯтоҳ нигоҳ дошта, баъди натиҷаи ташхиси табибон ба макони зисташон рухсат дода шуд.

Инчунин, аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатие, ки аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфтаанд, 70 нафар ба бемории «Коронавирус» дар муассисаи давлатии беморхонаи  марказии ноҳия ба табобат фаро гирифта шуда, баъд аз гирифтани таҳлили такрорӣ солим гардонида шуда, ҷавоб дода шуданд.

Айни замон, ҷиҳати дар ҳолати омодабошӣ қарор додани осоишгоҳҳо, фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои мутобиқ ба қабули шаҳрвандон барои карантинкунонӣ бистарӣ гардонидан дар ноҳия аз ҷониби масъулин чораҳои мушаххас роҳандозӣ гардидааст.

Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии бемории сирояти нави “Коронавирус”  (COVID-19) муассисаи давлатии беморхонаи марказии ноҳияро бо 6 кати функсионалӣ ва 1 адад кардиомонитор таъмин намуд.

Хароҷоту истифодаи сарфакоронаи маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва фонди захиравии раиси ноҳия дар ин самт ҷудошуда, инчунин кӯмакҳои  башардӯстонаи расонидашуда таҳти назорати қатъӣ қарор дода шуда, барои пешгирии бемории «Коронавирус» дар ноҳия  ва таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ бо корҷома ва дигар лавозимоти безараргардонӣ аз буҷаи маҳаллӣ 138034 сомонӣ ва барои таъминоти доруворӣ  29020 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Ҳамзамон дар оғози соли хониши нави 2020-2021 барои таъмини 70 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ ба муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия  харидорӣ карда шуд.

Ҳамчунин дар ҳар муассисаҳои таълимӣ маводи антисептикӣ, безараргардонӣ аз ҳисоби  соҳибкорони маҳаллӣ дастгирӣ карда шуданд.

Инчунин, аз ҷониби соҳибкорону вакилон, шахсони  саховатпеша ба муассисаи давлатии беморхонаи марказии ноҳия, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва маъюбону камбизоатон либосҳои муҳофизатӣ, дастпӯшакҳои резинӣ, айнак, термостат, респиратор,  ниқобҳои  муҳофизатӣ, доруворӣ ва маводи хӯрокворӣ  кӯмак расонида шуд.

Дар сохтори муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Варзоб ва дигар муассисаҳои тандурустӣ захираи маводи зарурӣ барои пешгирии пандемияи (COVID-19) мавҷуд буда, ноҳия дар ин маврид корҳои фаҳмонидадиҳиро пурзӯр намудааст.

Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии бемории «Коронавирус» ҳар ҳафта гузаронида шуда, масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ мешаванд.

Корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва гардиши хона ба хонаро  дар  байни аҳолӣ ва суҳбатҳои инфиродӣ дар терминалҳои мусофиркашӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳо, муассисаҳои табобатӣ ҷиҳати паҳншавии  мавҷи  дуюми  бемории  сироятии «Коронавирус» идома ёфта истодааст. Инчунин, оид ба  истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон  бо аҳли ҷамоатчигӣ доир гардид.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми беморӣ дар байни сокинони ноҳия оид ба истифодабарии ҳатмии ниқоб ва риояи гигиенаи шахсӣ аз тарафи ҳар як нафар, бе зарурати таъҷилӣ дар ҷойҳои серодам гаштугузор накардан ва ба шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳо аз рафтуомад  худдорӣ намудани шаҳрвандон аъзои гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби бахшҳои иҷтимоии ноҳия ташкил гардида, суҳбатҳо гузаронида кор дар ин самт идома дорад.

Барои дастрасӣ  ва таъмини аҳолии ноҳия бо ниқоб бо ташаббуси Ситоди ноҳиявӣ мулоқот бо соҳибкорон, роҳбарони корхонаҳои дӯзандагӣ ва занони ҳунарманд доир гардид, ки имрӯз аҳолии ноҳия пурра бо ниқоб таъмин мебошанд. Шахсони саховатпеша барои  дастрас  намудани  сокинони  маҳалли зисташон  бо маводи антисептикӣ ниқоб ва дигар лавозимоти беҳдошти санитарӣ кӯмакҳо расонида истодаанд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти муҳоҷират чораҳои самарабахш меандешад.

 

                                                                                  Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                               дар ноҳияи Варзоб

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо