[:tj]
3 феврали соли 2019 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Тағойзода Сумангул Саид дар асоси даъвати Вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру ба шаҳри Давҳаи Давлати Катар сафар намуд.
Дар доираи сафари мазкур Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва Вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру ба имзо расонида шуд.
Бояд қайд кард, ки масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 5-7 феврали соли 2017 бо даъвати Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардида буд, маншаъ мегирад.
Тибқи муқаррароти Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ ба Давлати Қатар дар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, ки тибқи қонуни Давлати Қатар оид ба меҳнат танзим мегардад, кору фаъолият намоянд.
Созишномаи мазкур баъд аз гузаронидани расмиёти дохилидавлатии Тарафҳо эътибор пайдо намуда, ҷалби коргарон тавассути Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони аморотӣ ба роҳ монда мешавад.
Зимни сафари мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру, мудири кулли Кумитаи танзими корҳои хайриявии Давлати Қатар ҷаноби Иброҳим ал-Дуҳейлӣ ва муовини Вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Давлати Қатар мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ бо Вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷонибҳо роҳҳо ва механизмҳои татбиқи созишнома, аз ҷумла таъсиси гурӯҳи кории муштарак, вазифаҳои он ва ихтисосҳои мавриди ниёзи бозори меҳнат дар Қатарро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин атрофи самтҳои дурнамои ҳамкориҳои вазоратҳои меҳнати ду кишвар ва сохторҳои тобеи онҳо табодули назар сурат гирифт.
Дар рафти мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо Мудири кулли Кумитаи танзими корҳои хайриявии Давлати Қатар Иброҳим ал-Дуҳеймӣ масъалаҳои татбиқи муштараки як қатор лоиҳаҳое, ки барои тақвияти асосҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти касбию техникӣ дар Тоҷикистон ва таъсиси ҷойҳои кории нав дар деҳот ва ноҳияҳои баландкӯҳ мусоидат мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон санаи 4 феврали соли 2019 дар шаҳри Давҳа Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абулло бин Носир бин Халифа Оли Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти сӯҳбат бо дарназардошти тавофуқоте, ки дар натиҷаи музокироти роҳбарони олии Тоҷикистон ва Қатар моҳи феврали соли 2017 дар Давҳа ҳосил шуданд, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин роҷеъ ба роҳҳо ва воситаҳои амалисозии муқаррароти Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ки 29- 31 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, табодули назари судманд сурат гирифт. Дар ин замина ҷонибҳо Созишномаи баимзорасидаро (3 феврали соли 2019 дар Давҳа) омили муҳими тавсеаи робитаҳои судманд миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ намуданд.
Вохӯриҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳур баргузор гардиданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
[:]