ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2020

[:tj] 

 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар доираи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019, маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 бармеоянд, муқаррароти барномаҳои страгегии мамлакат ва ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳ монда, дар нимсолаи аввали соли 2020 ба як қатор натиҷаҳо ноил гардид.

Дар ин давра бо мақсади мустаҳкам ва фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки аз ин 1 адад ба тасвиб расида, 10 адад дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 адад дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор доранд.

Масъалаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари вазорат қарор дошта, тибқи маълумоти омори расмӣ музди миёнаи меҳнат ба ҳолати 1 июни соли 2020 – 1368,9 сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли равон 2,5 фоиз зиёд шудааст.

Музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ – 1239,4 сомон, вилоятҳои Суғд – 1221,1 сомонӣ, Хатлон – 1045, 5 сомонӣ, шаҳри Душанбе – 2045,9 сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1149,7 сомониро ташкил медиҳад.

Масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат ва пешгирии афзоиши он таҳти назорати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳоион қарор дорад.

Дар ин давра, барои сари вақт пардохт накардани музди меҳнати кормандон аз ҷониби Хадамоти назорати назди вазорат нисбати 38 нафар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо парвандаи

ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, ҳар яке ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, дар ҳаҷми 49 176 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Дар маҷмўъ, дар давраи ҳисоботӣ бо дахолати Хадамот дар ҳамаи соҳаҳо ба шаҳрвандон қарздории музди меҳнат ба маблағизиёдааз  3,5 млн. сомонӣ пардохт гардид.

Дар шароити муосир яке аз воситаҳои таъмини субот ва таъмини кафолатҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон шарикии иҷтимоӣ мебошад, ки ҳамкории муштараки мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон иттифоқҳои касабаро таъмин менамояд.

Ба ҳолати якуми июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ 86 663 адад корхона новобаста аз шакли моликият арзи вуҷуд дошта, аз ин шумора 18 295 адад фаъол буда, 17 060 корхона бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд, ки 93,2%-ро ташкил  медиҳад.

Масъалаҳои танзими муҳоҷирати аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, зери таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дар давраи баррасишаванда аз ҷумҳурӣ 129 807 нафар ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 477 нафар, ё ин ки 57 фоиз кам мебошад. Аз ҷумлаи умумии муҳоҷиронимеҳнатӣ117  912 нафар ба Федератсияи Россия ва 4 574 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намудаанд.

Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан дар давраи ҳисоботӣ 90 333 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 фоиз кам мебошад.

Бояд зикр намуд, ки паҳншавии бемории COVID -19 дар аксари давлатҳои ҷаҳон ва вобаста ба ин басташавии сарҳадоти давлатҳо ба раванди  муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ низ таъсири манфии худро расонид. Аз ҷумла, аз ҷониби Федератсияи Россия, ки давлати асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз 18 март то имрўз воридшавии тамоми шаҳрвандони хориҷӣ манъ карда шудааст ва ин раванд то ҳол идома дорад.

Бо мақсади расонидани иттилои зарурӣ ва саривақтӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд дар вазорат ва сохторҳои он телефонҳои тамоси доимӣ ташкил карда шуда, дар дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои системаи он навбатдорӣ ташкил карда шуд.

Барои ба самъи муҳоҷирони меҳнатӣ расонидани иттилоъ аз ҷониби вазорат  маълумоти дахлдор омода шуда, тавассути васоити ахбори омма ва диаспораҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ паҳн карда шуда истодааст.

Ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ иҷозатнома доранд, ҷиҳати риоя намудани таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватанӣмуваззафкардашуда, ба ҳолати имрўза 17 172 нафар дар ин ширкатҳо бо кор таъмин шуда, фаъолият менамоянд.

Инчунин, аз ҷониби субъектони хоҷагидоре, ки дорои иҷозатнома барои  интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷи кишвар мебошанд, дар давраи ҳисоботӣ 1 048 нафар дар хориҷи кишвар бо кор таъмин гардида, аз ҷумла, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” дар ҳамкорӣбо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон 328 нафар  ба ин давлатҳо сафарбар карда шуд.

Дар ин давра бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуда, аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор роҳбарону фаъолони диаспораҳо ва ташкилотҳои  ҷамъиятии  тоҷикон  дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон машваратҳои корӣ тариқи скайп-конфронс баргузор гардид.

Дар нимсолаи якуми соли равон ба Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 20 031 муроҷиату дархости муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардид. Бо дастгирии кормандони Намояндагӣ 6 млн. 662 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ аз тарафи корфармоён пардохт гардида, 17 қарори судҳои ноҳиявӣ оид ба ихроҷи маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуда,1 730 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардиданд.

Дар ин давра мутобиқи нақшаҳои тасдиқшуда дар ҷумҳурӣ 41 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 132 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд.

Дар шароити буҳрони пандемияи бемории COVID-19 аз ҷониби мутахассисони вазорат нақшаи зиддибуҳронӣ ҷиҳати паст намудани таъсири ин бемории сироятӣ ба вазъи бозори меҳнат ва муҳоҷират омода шуда, татбиқи як қатор чорабиниҳои фаъол дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, бо назардошти ба итмом расидани муҳлати татбиқи  Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020 аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва ҷалби коршиносони байналмиллалӣ Гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, таҳияи ҳуҷҷати нави стратегии консептуалӣ  дар ин самт шуруъ гардидааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рўи баҳои пешакӣ дар моҳи апрели соли 2020-ум 2 446,5 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки аз он 2 394,7 ҳазор нафар (97,8 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул буда, 51,7 ҳазор нафар  расман мақоми бекорӣ доранд, ки 2,1 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин раванд, мақомоти шуғли аҳолӣ ҷиҳати танзими масъалаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳким ва татбиқи босамари сиёсати давлат пайваста амал намуда, самтҳои асосии Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020-2022-ро дар нимсолаи якуми соли равон ба андозаи 56,7 фоиз таъмин  намуд.

Дар ин давра, ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 71 275 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 52 283 нафари онҳо ҳамчун корҷў ба қайд гирифта шуда, ба 29 656 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мазкур дар маҷмўъ 32 372 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб дар ҷумҳурӣ 342 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 7 461 нафар бекорон ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб карда  шуданд.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба 1 647 нафар шаҳрванди бекор 5 миллиону 342 ҳазору 976 сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуда, ҷиҳати васеътар фарогир намудани шаҳрвандони бекор лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, №62 омода ва дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 5 188 нафар ҷавонони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсатшуда дар ҳаҷми 2 млн. 245,4 ҳазор сомонӣ, ба 1217 нафар аз муассисаҳои ҷазои ҷиноятӣ озодшуда дар ҳаҷми 618,8 ҳазор сомонӣ, ба 176 нафар шаҳрванди аз ҷойи кор ихтисоршуда дар ҳаҷми 224,2 ҳазор сомонӣ ва ба 29 нафар аз кор рафтагон бинобар ба охир расидани шартномаи меҳнатӣ дар ҳаҷми 35, 0 ҳазор  сомонӣ барои давраи бекорӣ кумакпулӣ пардохт шудааст.

Дар ин давра дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 37 910 нафар шаҳрванд ба курсҳои кўтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд.

Ҳамин тавр, дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ, ба 98 821 нафар шаҳрванд хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи ҳисоботии соли сипаригашта 8787 нафар ё худ 8,5 фоиз зиёд мебошад.

Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби вазорат нақшаи чорабиниҳои дахлдор таҳия ва тасдиқ гардид.

Дар моҳҳои феврал – марти соли равон даврҳои якум ва дуюми Фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар сатҳи ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор шуда, илова бар ин, барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ, бахусус занону духтарони хонашин курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои 6 914 нафар ташкил карда шуд.

Имрўзҳо таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сарвари маорифпарвару хирадманди давлат ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ равона карда шудааст ва ин ғамхорӣ имкон медиҳад, ки дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ муваффақиятҳо ба даст оварда шаванд.

Бо мақсади дар муддати панҷ соли оянда соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони синну соли аз 18-сола боло лоиҳаи “Барномаи касбомўзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” таҳия гардид, ки айни замон дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Дар соли таҳсили 2019-2020 шумораи умумии хонандагон 22 ҳазору 336 нафарро ташкил дод, ки 4 ҳазору 780 нафар ё 22%-ро духтарон, 218 нафарро маъюбон ва 94 нафарро ятимони кулл ташкил дода, 19 ҳазору 761 нафар (88%) дар гурўҳҳои буҷавӣ ва 2 ҳазору 575 нафар (12%) дар гурўҳҳои шартномавӣ таҳсил намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ Вазорат дар самти ташкил ва рушди муносибатҳои байналмилалии соҳавӣ, ҳамкориро бо Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат (ТБМ), Созмони Байналмилалӣ оид ба Муҳоҷират (СБМ), Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ),  Агентии  Рушд ва Ҳамкории Туркия (TIKA), Бонки Осиёии Рушд, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Хазинаи кўдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони байналмилалии озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО), Шўрои сарони давлатҳои ИДМ, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва дигар ташкилотҳои минтақавию байналхалқӣ идома дод.

Айни замон дар вазорат 11 адад лоиҳаи санадҳо бо мақомотидахлдориФедератсияиРоссия, ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Тотористон, Корея ва Швейтсария таҳия гардида, дар мувофиқаи тарафҳо қарор доранд.

Дарҷ намудан ба маврид аст, ки тайи давраи ҳисоботӣ аз ҷониби роҳбарияти вазорат бо роҳбарони як қатор ҳайати дипломатӣ, намояндагони ташкилотҳои хориҷиву байналахалқӣ дар маҷмуъ 30 вохўрӣ ташкил карда шуда, масъалаи дурнамои хамкорӣ дар соҳаҳои марбут ба фаъолияти вазорат мавриди муҳокима қарор гирифта, самтҳои афзалиятноки соҳа ҷиҳати саҳмгузорӣ ва ҳамкорӣ пешниҳод карда шуданд.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти вазорат – ин ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ баҳри амалӣ намудани хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тариқи шабакаҳои телевизионӣ, радио ва рўзномаҳои расмию даврӣ ба ҳисоб меравад.

Тайи давраи ҳисоботӣ доир ба самтҳои фаъолияти вазорат 56 мавод оид ба мулоқотҳои мустақими Вазир (онлайн) бо намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷират, диаспораҳои тоҷик дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон,  ҳайати дипломатӣ ва шарикони рушд,  корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон дар мавзўи пешгирии сирояти COVI-19 ва рафти фаъолияти сохторҳои вазорат омода гардида, тариқи сомонаи расмии www.mehnat.tjwww.khovar.tj (АМИТ «Ховар») ва дигар расонаҳои иттилоотӣ интишор гардида, дар рўзномаи соҳавии «Шуғл ва муҳоҷират» низ ба чоп расиданд.

 

                                                      Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва

                                                шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо