Гузориши матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018

[:tj]Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  нимсолаи якуми соли 2018   фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти  барномаҳои стратегӣ ва ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳ монда,  ба натиҷаҳои  муайян  ноил  гардид.

Дар нимсолаи якуми соли 2018  ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби вазорат дар маҷмўъ 17  лоиҳаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки 2 адад лоиҳаи қонун, 1 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 лоиҳаи Ёддошти тафоҳумро ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат дар сатҳи ҷумҳурӣ 1168,57 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61,6 сомонӣ ё 5,6 фоиз зиёд шудааст.

Ба ҳолати 1 июни соли 2018 дар соҳаҳои бахши воқеӣ музди миёнаи меҳнати аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва коркарди конҳо 2335,92 сомонӣ (135,72 фоиз), сохтмон 2194,15 сомонӣ (фарқият нисбати ҳамин  давраи соли гузашта 115,63 фоиз) ва неруи барқ, газ ва таъминоти об 1743,26 сомонӣ (116,11 фоиз) ба қайд гирифта шудаанд.

Дар робита ба пешгирию бартарафсозии қонунвайронкуниҳо ва ҷуброни ҳаққу ҳуқукҳои меҳнатӣ  ва иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 фаъолияти 984 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода шудааст, ки аз ин теъдод 762 адад  санҷиши нақшавӣ,  202 адад санҷиши ғайринақшавӣ ва 20 адад санҷиши такрорӣ мебошанд.

Дар натиҷаи  ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта, 3876 адад қонунвайронкунӣ ошкор  гардиданд, ки аз ин 2883 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 719 ҳолат  ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 71 ҳолат ба масъалаҳои  муҳоҷират ва 203 ҳолат ба масъалаҳои шуғл иртибот доранд,  ки фаъолияти  1930 адади он ба ташкилоту муассисаҳои  давлатӣ ва 1946 адад  ба ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ мансуб мебошанд. Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда маблағи 11 млн. 904 ҳазор  сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид ва ба шаҳрвандон  пардохт карда шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2018 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 75672 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 53296 нафари онҳо ҳамчун корҷў ба қайд гирифта шуда, ба 33159 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 32137 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2363 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 2056 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 8,0 то 0,5 фоиз зиёд мебошад. Дар асоси 202 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 4389 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 12945 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. Ба 5884 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 413 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 3545 нафар корҷў дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд, ба 4426 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд ва 1340 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 20328 нафар хизматрасонии касбӣ расонида шуд.

Бевосита тавассути ташкил ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ 9311 нафар шаҳрванди бекор ва корҷў ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд. Ҳамин тавр, дар нимсолаи якуми соли 2018 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ ба 88847 нафар шаҳрванд хизматрасонии  иҷтимоӣ  анҷом  дода  шуд.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар семоҳаи якуми соли 2018 34 094 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст. Аз шумораи умумии ҷойҳои нави кории таъсисдодашуда 20817  ҷойҳои кории доимӣ (61 фоиз) , 7600 ҷойҳои кории муваққатӣ (22,3 фоиз),  4459 ҷойҳои кории мавсимӣ (13 фоиз) мебошанд. Ҳамчунин, дар ин давра 141 ҷойҳои кории иловагӣ (0,4 фоиз) ва 1077 ҷойҳои кории барқароршуда (3,1 фоиз) мебошанд.

Давоми нимсолаи якуми соли 2018 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 2056 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 6 млн. 103,5 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд. Шаҳрвандони бекор зимни бархўрдор шудан аз кумакҳои молиявӣ ба фаъолияти тиҷоратӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва истеҳсолот машғул мешаванд. Аз ҷумла, барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ 861 нафар дар ҳаҷми 2 млн. 923,6 ҳазор сомонӣ, барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ 660 нафар шахси бекор ба андозаи 2 млн. 62, 9 ҳазор сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ 535 нафар ба маблағи 1 млн. 116,9 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок гирифтанд.

Дар ин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълими касбии калонсолон 26109 нафар, аз ҷумла тавассути маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12945 нафар, тавассути худмаблағгузорӣ 5806 нафар, дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳо 860 шаҳрванд ба тайёрии касбӣ ҷалб гардида, малакаҳои касбии 6498 нафар бо шаҳодатномаҳо тасдиқ карда шуданд, ки нисбати дурнамои барнома 78,0 фоизро ташкил медиҳад.

Бар замми ин, дар давраи мадди назар дар заминаи муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 4369 нафар ба курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ ҷалб карда шуданд. Инчунин, бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 28148 нафар бо роҳи худмаблағгузорӣ ба касбомўзӣ фаро гирифта шуданд, ки дар маҷмўъ 58626 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби хатмкардагони курсҳои тайёрии касбӣ 4777 нафар дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо бо ҷойи кор таъмин гардида, 4201 нафар баъди омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ба корҳои хонагӣ машғул шуданд, ки ин нишондиҳанда 64,1 фоизи касбомўзони тавассути маблағҳои буҷети Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ фаро гирифташударо дар бар мегирад.

Бо эълон гардидани соли 2018 соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ оид ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ васеъ ба роҳ монда шуда, курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимии системаи вазорат ташкил карда шуданд. Дар ин замина 14080 нафар ба омўзиши ҳунарҳои гуногуни мардумӣ аз қабили, адрасу атласбофӣ, заргариву зардўзӣ ва ғайраҳо ҷалб карда шуданд. Ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба 522 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 1 млн. 815,2 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд. Дар ин самт ба дастгирии ташаббуси соҳибкории занон ва ҷавонон бартарият дода шуда, ба 1176 нафар зан дар ҳаҷми 3 млн. 491  ҳазор сомонӣ ва ба 771 нафар ҷавон ба андозаи 2 млн. 294  ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид.

Айни замон дар литсейҳои касбии техникии ҷумҳурӣ  21 ҳазору 197 нафар хонанда таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 4 ҳазору 875 нафар (23%) духтар, 18 ҳазору 587 нафар (87,7%) дар гурўҳҳои буҷавӣ ва 2 ҳазору 610 нафар (12,3%) дар гурўҳҳои шартномавӣ аз рўи 96 ихтисос дар   самт соҳиби таҳсилоти ибтидоии касбӣ мегарданд. Дар соли хониши 2017 – 2018 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии кишвар 243 нафар (74 духтар) хонандаи маъюб, 289 хонандаи (46 духтар) ятими кулл ва 1295 нафар (343 духтар) нимятим  таҳсилро ба охир мерасонанд, ки ҳифзи иҷтимоии онҳо таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти вазорат ва муассисаҳои таълимӣ қарор дорад. Теъдоди омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 1 ҳазору 536 нафар (650 нафар (43% зан) ва устоҳои таълимӣ истеҳсолӣ 1091 нафар (296 нафар (27% зан) -ро ташкил медиҳанд.

Сатҳи тайёр кардани кадрҳои коргарӣ аз босифат коркард шудани стандартҳо, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ вобастагии зиёд дорад. Аз ин рў, дар ин муддат 1 адад стандарти давлатӣ, 18 барномаи таълимӣ, 2 нақшаи таълимӣ ва 6 дастуру тавсияи методӣ таҳияву тасдиқ карда, ба нашр расонида шуданд, ки дастраси муассисаҳои таълимӣ гардиданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2018 вазорат тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ тибқи маълумоти варақаҳои муҳоҷиратӣ аз ҷумҳурӣ 251 247 нафар шаҳрванд ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки аз инҳо 218 760 нафар мард ва 32 487 нафар зан мебошанд. Аз ҷумла, ба Федератсияи Россия 240 727 нафар ва ба Қазоқистон 6837 нафар сафар кардаанд. Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8455 нафар, ё ин ки 3,5 % зиёд шудааст. Дар ин давра аз хориҷи кишвар 186061 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба ватан бозгаштанд, аз ин 151622 нафар мард ва 34 439 нафар зан мебошанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 25 938 нафар, ё ин ки 16% зиёд шудааст.

Дар ин давра бо мақсади истифодаи самараноки  нерўи  корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва таъмини диверсификатсия (гуногунсамтӣ)-и муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ таҳия  ва ба имзо расонида шуданд. Аз ҷумла, дар ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон рўзҳои 14-15 марти соли 2018 созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷрои он, дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расиданд. Санадҳои мазкур дар марҳалаи гузаронидани расмиёти дохилидавлатии Тарафҳо қарор доранд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷират вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират 33999 нафар шаҳрванд бо дархост муроҷиат кардаанд.

Бо мақсади пешбурди корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳалҳо ва Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ 1312 вохўрӣ  гузаронида шуд, ки дар он 230 181 нафар муҳоҷири меҳнатӣ иштирок намуданд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба дафтари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират  18 ҳазору 20 муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардидаст. Дар ин давра бо дахолати кормандони намояндагӣ маблағи 19 млн.75 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён баргардонида шуд. Бо мусоидати намояндагӣ 16 қарори судҳои ноҳиявӣ бо қарорҳои судҳои болоӣ бекор карда шуда, 6389 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бо мусоидати намояндагӣ бо ҷойи кори доимӣ дар Федератсияи Россия таъмин карда шуданд.

Аз ҷониби кормандони Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва фаъолони диаспораҳо, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар  минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия 81 вохўриву суҳбатҳо гузаронида шуданд.

Вазорат дар ин давра бо диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ робитаҳои устувор ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Роҳбарону намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар хориҷа пайваста ба чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҷашну маросимҳои давлатӣ, конфронсу семинарҳо дар мавзўи муҳоҷират даъват карда шуда, барои таҳия ва татбиқи чорабиниҳо дар ин самт ҷалб карда мешаванд.

Айни замон дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба муддати муайян ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби сохторҳои вазорат ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давоми нимсола 5330  нафар чунин шаҳрвандон дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2018 аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар асоси квотаи муқарраршуда ба 3 481 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиистон иҷозат дода шудааст.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №647 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2016-2018» дар нимсолаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 368 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардида, муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 64%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Тибқи қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №506 «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017-2020» соли 2018 дар ҷумҳурӣ бояд 357 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба мавзеъҳои бехавф кўчонида шаванд. Аз ин рў, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 288 хоҷагӣ дар мавзеъҳои бехавф аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо гардидааст, ки ин 81%-и иҷроиши нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Вазорат дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳои байналмилалии соҳавиро идома дода, ҷиҳати таҳкими ин робитаҳо 3 ёддошти тафоҳум ба имзо расонид (бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Қазоқистон,  Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб, Коллеҷи касбӣ-техникии идоракунии меҳмонхонаҳои Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой).

Дар самти корҳои ободонию созандагӣ бояд қайд кард, ки аз ҷониби вазорат дар нимсолаи якуми соли 2018 сохтмони майдончаи варзиш ва бозиҳои кўдакона бо масоҳати 1500 м2 дар кўчаи А. Навоӣ 57, маҳалаи 112 –и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

                                                                           Вазорати меҳнат, муҳоҷират

                                                      ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо