ГУЛГУЗОРӢ ДАР ПОЯИ МУҶАССАМА

[:tj]Ба ифтихори Рӯзи Ғалаба бар фашизм санаи 8 май дар майдони муҷассамаи ёдгорӣ ба хотираи шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, бо иштироки Раиси вилоят, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, барқароркунандагони оқибатҳои садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, муҳофизони сохти конститутсионӣ, аскарону афсарони гарнизони ҳарбии Суғд, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, хизматчиёни давлатӣ, толибилмон ва устодони муассисаҳои таълимӣ, фаъолон ва дигар аъзои ҷомеа тантанаи идона барпо гардид.

Баъд аз суханрониҳои расмӣ паради сарбозону афсарон намоиш дода шуд.

Дар ин чорабинӣ кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ бо сарварии сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ иштирок намуда, ба поси хотираи шаҳидони ҷанг дар пояи муҷассама аз номи кормандони соҳаи муҳоҷират гулчанбар гузоштанд.

                                                                                             Мардон ҚУРБОНОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо