ГУРӮҲИ КОРИИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

[:tj]Дар асоси фармоиши сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2019, №21- СХ гурӯҳи корӣ дар ҳайати сардори шуъбаи молия ва хоҷагидории Хадамоти муҳоҷират Ҳомидзода Бобоҷон Ҳомид ва мутахассиси пешбари шуъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират Олимов Сироҷиддин Хоҷаевич бо сафари хизматӣ дар вилояти Суғд қарор дорад.

Мақсад аз сафари хизматии гуруҳи корӣ санҷиши маблағҳои воридшуда аз ҳисоби додани корти иҷозат ба кор  ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди вилоят мебошад.

Бояд гуфт, ки дар назди Раёсат таҳти сарварии бевоситаи Сардори Раёсат комиссияи доимоамалкунанда фаъолият менамояд ва ба ҳайати он мутахассисони ботаҷрибаю собиқадор шомил мебошанд. Аризаи корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолиятбаранда барои гирифтани иҷозат ба кор барои шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби комиссияи мазкур баррасӣ мешавад. Баъди омӯзишу таҳлили ҳаматарафа аризаҳои қобили қабул дар асоси қарори комиссияи мазкур, тибқи квотаи муқарраргардида қонеъ гардонида мешавад.

Гурӯҳи корӣ дар доираи сафари хизматӣ ҳамчунин бо фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди вилояти Суғд ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби онҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

 

                                                                                        Мардон ҚУРБОНОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо