20 май гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иттилоттиву фаҳмондадиҳӣ доир ба расмикунонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдошта, сафари худро дар водии Язуғуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дода, як қатор вохӯриву мулоқотҳо доир намуданд.
Дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №21-и деҳаи Мотравни ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, ки дар он раисони деҳаҳои ҷамоати Язғулом ва дигар сокинон ҳузур доштанд, сардори шуъбаи кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ Давлатов Рустам ҳайати гурӯҳи коририро ба ҳозирон муаррифӣ намуда, суханро ба Муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҳмонзода Абдулғаффор дод.
Дар навбати худ Раҳмонзода Абдулғаффор дар бораи фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои зертобеи он маълумот доданд. Ҳамчунин, доир ба касбомӯзӣ, маркази таълимии калонсолон, забономӯзӣ ва аз худ намудани касбу ҳунар тавсияҳои муфид дода, доир ба шомил нашудани ҷавонон ва наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову терористӣ баромад намуданд.
Раҳмонзода Абдулғаффор аз ҷумла қайд намуданд, ки “дар шароити кунунии ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, дар минтақаҳои гуногуни олам паҳн шудани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ ва дигар равияҳои барои инсоният хатарнок ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, мо бояд пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем, ки арзишҳои миллӣ, устувории пояҳои давлатдориамонро фидокорона ҳифз намоем”.
Дар идомаи вохӯрии мазкур Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир баромад карда, муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россия “Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19”-ро ба ҳозирин шарҳ дода, аз раисони ҷамоату деҳот ва маҳалҳо даъват ба амал оварданд, ки бо хешу пайвандон ва ёру дӯстони худ, ки айни замон дар қаламрави Россия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, дар тамос шуда, ба онҳо расонанд, ки ба шуъбаҳои ноҳиявии муҳоҷирати ВКД ФР дар маҳалли зисташон ҳозир шуда худро ба ба қайд гузоранд ва фаъолияти меҳнатии худро дар кишвари буду бош расмӣ гардонад. Инчунин, аз ҳамагон хостанд, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Россия аз санҷиши манъи вуруд дар маҳзани Хадамоти муҳоҷират гузашта, сипас озими сафар шаванд.
Ҳамчунин, Каримзода Тоҳир доир ба шартномаҳои амалкунанда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот дода, ҳамзамон аз муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ ёдовар шуданд ва моҳияти муҳоҷирати экологиро шарҳ доданд.
Дар ҷарайёни мулоқот ба ҳозирон маводҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дастрас гардид. Дар интиҳо ҳозирон саволҳои худро матраҳ сохта, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 18 майи соли равон гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бурдани корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва аъзои оилаи онҳо доир ба расмикунонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламравӣ Федератсияи Россия, пешгири аз шомилшавии муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав, пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ба монанди ВНМО, шиносоӣ бо масъалаи иқлим ва корбарӣ дар самти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, боздид аз шароити кории кормандони шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ ва дар доираи имкониятҳои мавҷуда таъмин намудан бо шароити мувофиқ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд.
Мулоқоту вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ идома дорад.