Гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ванҷ

Дар доираи сафари гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ванҷ аз 17 то 24 июни соли равон як қатор вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон баргузор шуд. Дар мулоқотҳо доир ба мавзӯъҳои ба омӯзиши касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекору бекасб, шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳанд, ё аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, тартиби будубош ва барасмиятдарории фаъолият дар кишвари истиқомат баргузор гардиданд.

Мавриди қайд аст, ки дар маркази ноҳия филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» амал намуда, аз рӯйи ихтисосҳои дӯзанда, қолинбоф, қаннод-ошпаз, атлас-адрасбоф, зардӯз, муҳосиб, омӯзиши компютер, забонҳои русиву англисӣ ва дигар кадрҳои коргариро омода месозад.

Филиал дорои синфхонаҳои муҷаҳҳазгардидаи компютерӣ, адрасбофӣ, дӯзандаги, ду синфхонаи омӯзиши автомобил аз рӯи ихтисоси ронандаи автомобили дараҷаи «С», утоқҳои маъмурию корӣ ва ошхона мебошад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо