31 марти соли равон бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Шариф асри нав» 168 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистонро барои фаъолияти меҳнатӣ ба шаҳри Красногорски вилояти Москваи Федератсияи Россия равона карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муҳоҷирони меҳнатиро намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва намояндагони ширкат гусел намуданд.
Ёдрас мешавем, нахустин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик пас аз баста шудани марзи байни Тоҷикистону Россия 30 январи соли ҷорӣ вориди кишвари Россия шуданд.
Ин гурӯҳ 170 муҳоҷирро дар бар гирифт, ки барои кор ба вилояти Иркутск сафарбар шуданд.
Тибқи иттилои роҳбари ҶДММ «Шариф асри нав» Суҳроб Тошев 168 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ширкати сохтмонии «Крокус Сити» вилояти Москва фаъолият хоҳанд кард. Аз тарафи ширкати рус шаҳрвандони тоҷик бо се вақт хӯроки гарм, ҷойи хоб ва маоши хуб таъмин мешаванд. Рӯзҳои наздик боз 170 нафар аз сокинони ҷумҳурӣ ба ин ширкат фиристода мешавад.
Тибқи анъана, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Москва шаҳрвандони ҷумҳуриро намояндаи ширкат пешвоз гирифта, бо нақлиёти мусофирбар таъмин намуда, ба ҷойи лозима бурда мерасонад.