Гусели муташаккилонаи муҳоҷирон

[:tj] 

 

Аз ҷумлаи субъектҳои хоҷагидори дар вилояти Суғд амалкунанда Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мирзова К» ба фаъолияти бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ машғул мебошад ва дар ин самт аз фаъолтаринҳо маҳсуб мешавад.  Аз ҷумла, дар соли 2018 бештар аз 500 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби ҳамин ширкат дар Федератсияи Россия бо ҷои кор таъмин шуданд. Ёдовар мешавем, ки ҶДММ «Мирзова К» чандин сол боз бо хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Дмитрови вилояти Москва ва вилояти Волгоград шартномаи ҳамкорӣ баста, муҳоҷирони меҳнатии кишвари моро асосан дар соҳаи кишоварзӣ бо ҷои кор таъмин менамояд.

Айни замон, бо назардошти гармшудани ҳаво ва оғоз ёфтани корҳои кишоварзӣ,ҶДММ «Мирзова К» фаъолияти хешро тақвият бахшида, гурӯҳҳои аввалини муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Россия сафарбар карда истодааст.Чунончӣ, ба наздикӣ як гурӯҳи 18-нафара ба вилояти Волгоград ва як гурӯҳи 29-нафара ба ноҳияи Дмитрови вилояти Москва  сафарбар гардиданд. Сафарбаршудагон сокинони ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Спитамен мебошанд ва дар корҳои кишоварзӣ таҷрибаи хуб доранд.

Тибқи анъана дар рӯзи гусел намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро фаҳмонданд.

 

                                                                                      Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо