Давоми ду ҳафта дар маркази ноҳияи Варзоб иқдоми муштараки «Ниқоб» доир гардид

[:tj] 

Давоми ду ҳафтаи охир бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва иштироки кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират, КИ ҲХДТ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва волонтёрони  ноҳияи Варзоб дар бозор ва кӯчаҳои ноҳия  бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 иқдоми муштараки «Ниқоб» доир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни баргузории аксияҳо қариб 3000 дона ниқоб ва зиёда аз 2500 нусха варақаҳои иттилоотӣ ба сокинону меҳмонони ноҳия дастрас гардонида, оид ба риояи реҷаи ниқоб ва талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Тибқи иттилои бахши Хадамоти муҳоҷират,  дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот зиёда аз 20 бригадаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, гирифторони  ин бемориҳоро ба муоинаву табобат фаро мегиранд.

Баргузории аксияҳо ва корҳои профилактикӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар ноҳия мунтазам идома дода мешаванд.

                                                       Бахши Хадамоти муҳоҷират дар

                                                                                  ноҳияи Варзоб

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо