[:tj]
Лозим ба ёдоварист, ки ҳар ҳафта дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе машғулиятҳо бо кормандони Раёсат баргузор гардида, барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандон ва ғанӣ гардонидани фаъолияти ҷаҳонбинии онҳо заминаи мусбӣ мегузорад.
25 феврал машғулияти навбатии омӯзишӣ дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баргузор гардид, ки дар он кормандони Раёсат фаъолона иштирок намуданд.
Машғулиятро сармутахассиси Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе М. Шарифова гузаронида, моҳияти қонуни зикргардидаро пурра фаҳмонида, ба саволҳои кормандон ҷавобҳои мушаххас дод.
Дар рафти машғулият баромадкунанда иброз намуд, ки қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, танзим намуда, барои риоя накардани талаботи қонуни зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Душанбе[:]