Дарси омўзишӣ «Муҳоҷират, экстремизм ва терроризм»

[:tj]Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бўҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Дар иртибот ба ин  мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо падидаҳои экстремистӣ маҷмўъи дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо чорабиниҳо доир намуда истодааст. Аз ҷумла, дар самти муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм, ки  байни онҳо мавқеъи марказиро амали Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, дар Хадамоти муҳоҷират дарси омўзишӣ дар мавзўи «Муҳоҷират, экстремизм ва терроризм: роҳҳои пешгирии шомилшавии муҳоҷирон ба гурўҳҳои террористӣ-экстремистӣ» баргузор гардид.

Дарси омўзиширо бо сухани муқаддимавӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиён ва Сардори кафедраи фанҳои давлатӣ ҳуқуқӣ Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ, полковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ Ҳаёт Сафаров  хайрамақдам гуфта, оиди муҳоҷират ва терроризм суханронӣ намуд.

Баъдан, меҳмони даъватшудаи дарси омўзишӣ  Ҳаёт Сафаров дар мавзўи «Муҳоҷират, экстремизм ва терроризм: роҳҳои пешгирии шомилшавии муҳоҷирон ба гурўҳҳои террористӣ-экстремистӣ» баромад намуда, қайд карданд, ки имрўз терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ шуморида, ҳадафи асосии сиёсии худро баҳри несту нобуд сохтани чунин падидаҳои номатлуб ва пешгири намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта равона кардааст. Бинобар ҳамин роҳбарияти кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ба масъалаи шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир таъкид намудаанд, ки «Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мегардад. Равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем», – афзуд Ҳ.Сафаров.

Ҳамин тавр, омўзиш ва таҳлили ҷинояти терроризм дар ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб душвор ва тулонӣ буда, фаъолияти дастаҷамъонаи субъектони зиддитеррористӣ, таҳияи барномаи созанда ва мусбат, ки ҳадафи он пеш аз ҳама аз байн бурдани сабабҳои асосии пайдоиши терроризм мебошад, бо ворид намудани қувваю воситаҳои иловагӣ ва бо истифодаи усулҳои пешқадам амалинамоии чорабиниҳои муштараки мувофиқа кардашударо талаб мекунад.

Дар фарҷом иштирокчиён ба саволҳои сершумори худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

                                                                                              Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо