Дарси омўзишӣ пешгирӣ кардани хатари сироятии «коронавирус»

[:tj] 

 

         31 март дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират дарси омўзиши дар мавзўи «Тавсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурўстӣ оид ба пешгирӣ кардани хатари сироятии «коронавирус» барои шаҳрвандон» бо иштироки мудири шуъбаи масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ ва берунаи Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Сурайё Анварова баргузор гардид.

         Дар баромади худ Сурайё Анварова оид ба нишонаҳои пайдоиши «коронавирус» ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла, қайд кард, ки  хушбахтона, то имрўз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтори ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати мамлакат чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирусро тақвият медиҳад. Бо ин мақсад мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолии кишвар аз тарафи мутахассисони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои аҳолӣ маводҳои иттилоотӣ таҳия гардида пайваста дар байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Дар фурудгоҳҳои байналмиллалӣ, роҳҳои оҳан, терминалҳои хатсайри мусофирбарӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра маълумотномаҳо тақсим карда мешаванд.

Инчунин, барои паст намудани хатари интиқоли ин вирус аз давлатҳое, ки дар онҷо ба қайд гирифта шудааст, дар сарҳадҳо, фурудгоҳҳо ва роҳҳои оҳан нуқтаҳои санитарию карантинӣ 24 соат фаъолият намуда истодаанд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷиро, ки аз минтақаҳои қайди ин вирус ворид шуданд, ба муддати – 14 рўз ба каратин фаро гирифта мешаванд.

Донишҷўёне, ки дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин қарор доштанд, ба Ватан баргардонидашуда, ба муддати – 14 рўз ба каратин фаро гирифта шуданд ва хушбахтона солим ба манзили зисти худ баргаштанд.

Сурайё Анварова иброз дошт, ки аломатҳо (симптом) – ҳои ин беморӣ ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ё синдром (маҷмааи аломатҳои беморӣ) – и вазнини шадиди роҳҳои нафас монанданд. Давраи инкубатсионӣ (то рух задани аломатҳои беморӣ) то 14 рўз. Таҳлилҳои пешакӣ нишондоди онанд, ки мубталошавӣ ба беморӣ (контагиозность) дар ҳолати муошират бо бемор хеле баланд аст.

Зинаи баъди инкубатсионӣ аз бемории шадиди роҳҳои нафас сар шуда, оқибати он норасоии нафасгирии зудрави беназорат (дистресс-синдроми роҳҳои нафас) мебошад, ки сабаби марг ҳисобида мешавад.

Таҳқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки сарчашмаи «коронавирус» маҳсулоти муши паррон ва мори хитоии ҷанубӣ будаанд, ки геноми онҳо ба геноми «коронавирус» монанданд, – афзуд С. Анварова.

                                                                                      Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо