[:tj]Чорабинии муштараки иттилоотӣ – маърифатие, ки бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Иқболи нек» доир гардид, ба арафаи Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархаи аввалини Нерўгоҳи барқи обии Роғун тавъам омад. Бо назардошти ин, ташкилкунандагон аввалан иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ин рўйдодҳои фараҳбахш табрик намуда, барояшон тансиҳатию хонаободӣ таманно карданд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур дар толори МТМУ №16, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд гузашт ва дар он зиёда аз 100 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, кормандони ҷамоат, фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карданд.
Мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, роҳ надодан ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ ва бемориҳои сироятӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҷумлаи мавзўъҳои асосӣ буданд, ки ба таври васеъ баррасӣ шуданд.
Аъзоёни гурўҳи ташвиқотию тарғиботӣ – мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан Ф. Ҳакимов, мутахассиси пешбари Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Н. Аббосова ва корманди иҷтимоии ташкилоти ҷамъиятии «Иқболи нек» М. Бафоев дар баробари ташвиқу тарғиби нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро ба шаҳрвандон фаҳмонида, онҳоро ба ҳамдилию ҳамгироӣ, муносибати нек бо ҳамсоягон, бунёдкорию созандагӣ ва тарбияи сазовори фарзандон даъват намуданд.
Тибқи нақшаи кори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан чорабинии навбатии муштарак дар Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷ гузаронида мешавад.
Мардон Қурбонов[:]