Дар асоси Барқияи фаврӣ

[:tj]Имрўзҳо дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар асоси Барқияи фаврии Хадамоти муҳоҷират аз 31.01.2018, № 177/87 корбарӣ идома дорад. Дар рафти чорабиниҳои иттилоотӣ ба шаҳрвандон моҳияти Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 09.05.2017, №202 “Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 дар Федератсияи Россия” фаҳмонида мешавад.

Аз ҷумла санаҳои 2,5,7 ва 8 феврали соли равон чунин чорабиниҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ ва Яхтани ноҳияи Деваштич доир гардиданд. Дар мулоқот бо аҳолӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оила, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, сармуҳаррири рўзномаи «Набзи Деваштич», муовинон ва раисони ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳалла, директорони мактабҳо, раисони шўрои бонувон ва фаъолон иштирок доштанд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин шаҳрвандон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бунёдкорию созандагӣ даъват карда шуданд.

                                                     Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо