Дар доираи омодагиҳо

[:tj] 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории навбатиашон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ташриф оварданд. Дар доираи корҳои омодагӣ вобаста ба таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули меҳмонони олиқадр дар миқёси ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшида, вобаста ба пешгирӣ аз сирояёбии шаҳрвандон ба бемории «Коронавирус» чораҳои амалӣ андешида шуданд.

Аз ҷумла, рӯзи 11-уми сентябр бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ташриф оварданд. Ёдовар мешавем, Ғӯлакандоз аз ҷумлаи калонтарин деҳаҳои ноҳия ва зодгоҳи ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Абдуғафур Самадов мебошад.

Бино ба иттилои мудири бахш Олимҷон Узоқов гурӯҳи корӣ дар марказу нуқтаҳои хизматрасонӣ, мағозаҳ ошхона ва дигар ҷойҳои серодам корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд. Аз шаҳрвандон дархост карданд, ки безарурат ба кӯча набароянд, бе ниқоби муҳофизатӣ нагарданд, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва масофаи байниҳамдигариро риоя намоянд.

Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳии роҳандозишуда ба шаҳрвандон зиёда аз 70 адад варақаҳои иттилоотии аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят дастрасшуда тақсим гардид.

 

                                                                 Бахши Хадамоти муҳоҷират дар

                                                                                ноҳияи Ҷаббор Расулов[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо