[:tj]
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии навбатии маърифатӣ – иттилоотии бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ дар зодгоҳи муаллифи матни Суруди миллии кишвар Гулназар Келдӣ гузаронида шуд. Масъалаи асосии дар ин чорабинӣ баррасишуда муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм, дигар хатарҳои ҷаҳони муосир ва падидаҳои номатлуби ҷомеа буд. Дар мулоқот ба ғайр аз мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ Б. Ғайбуллоев ҳамчунин раиси Ҷамоати деҳоти Дардар И. Устоев ба сухан баромада, баъдан ба саволҳои иштирокчиён посух доданд.
Маърӯзачиён таъкид намуданд, ки бо назардошти наздик шудани маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода ва оғози муҳоҷирати меҳнатии оммавии шаҳрвандони кишвар ба Федератсияи Россия душманону бадхоҳони давлату миллати мо фаъолтар шуда истодаанд. Бо истифода аз имкониятҳои иттилоотии шабакаҳои иҷтимоӣ ва эътиқоди динии ҳамватанонамон мехоҳанд аҳли ҷомеаро ба гумроҳӣ бурда, шахсони ноогоҳ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва наврасону ҷавононро ба доми фиреби худ афтонанд. Онҳо бо кадом шева, доир ба кадом мавзӯе изҳори андеша накунанд, мақсади ягонаашон аз пашша фил сохтан, камбудӣ кобӣ аз зери нохун ва бадном сохтани давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Бинобар ин, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки воқеоти мудҳиши солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҷоннисорию заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу суббот ва ваҳдати сартосариро ҳеҷ гоҳ аз ёд набароварда, ба ваъдаҳои беасосу туҳматҳои рӯирости нохалафон эътимод набанданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ Б. Ғайбуллоев бо қироати байтҳои зерин:
Ту модари ягонаӣ!
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо.
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастию ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!
баён дошт, ки ба шарофати матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муаллифаш Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ мебошад, Ҷамоати деҳоти Дардари ноҳияи Айниро на танҳо дар миқёси мамлакатамон, балки дар хориҷа низ мешиносанд. Бинобар ин, ҳамдиёрони шоири маҳбуб бояд беш аз дигар ҳаммеҳанон бо муттаҳидӣ дар атрофи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ривоҷи бунёдкорию созандагӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии диёр, пешгирӣ ва муборизаи беамон бо хатарҳои замони муосир садоқаташонро ба халқу Ватан нишон дода, дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам номбардори миллати тоҷик бошанд.
Мавсуф ба аҳли толор қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ва навгониҳои охирини қонунгузории федералии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷиро фаҳмонида, оид ба фаъолияти бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ ахбори мухтасар дод ва ба онҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим намуд.
Аз ҷумлаи иштирокчиёни чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ муҳоҷирони меҳнатӣ А. Боқиев, Ҳ. Давлатов ва Г. Тоғбоева ба ташкилкунандагон миннатдорӣ баён намуда, дархост карданд, ки чунин мулоқотҳо дар оянда боз ҳам бештар шаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки қабл аз Ҷамоати деҳоти Дардар дар Ҷамоати шаҳраки Айнӣ ҳам чорабинии муштараки бахши ноҳиявии Хадамоти муҳоҷират ва ҷамоат гузаронида шуд, ки дар он ба ҳайси намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ нозири минтақавӣ Қ. Наҷмиддинов ҳам иштирок ва суханронӣ кард.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Айнӣ[:]