Дар идомаи сафари корӣ

Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон, 29 апрел Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки 500 нафар сокинон доир ба муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россия оид барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар вохӯрӣ барпо намуд.

Зимни баромад Сардори Хадамот ба ҳозирин муроҷиат намуда, таъкид намуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия ба сифати муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун фаъолияти худро ба расмият надаровардаанд ва дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шуъбаҳои ноҳиявии ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва муҳлати будубоши худро дар Россия тамдид намоянд.

Каримзода Тоҳир дар идомаи суханронии худ, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бо хешу пайвандон ва ёру дӯстони худ, ки айни замон дар қаламрави Россия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, дар тамос шуда, муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россияро ба онҳо расонанд ва барасмиятдарории фаъолияти меҳнатии худро дар ин кишвар расмӣ гардонад.

Дар идома сафари кории Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён, вохӯрии нахустинро дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №8-и ноҳия баргузор намуданд.

 

Сардори Хадамот Каримзода Тоҳир дар вохӯрии мазкур, суханронӣ намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки бо наздикону пайвандони худ, ки дар қаламрави Россия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, дар тамос шуда, муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россияро ба онҳо расонанд. Фаъолияти меҳнатии худро дар ин кишвар расмӣ ба роҳ монда, қонунгузории Федератсияи Россияро дар самти муҳоҷират риоя намуда, бо гирифтани патент кору фаъолият намояд.

Худи ҳамон рӯз, 29 апрел гурӯҳи кории ситоди Хадамоти муҳоҷират таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Каримзода Тоҳир ҷиҳати гузаронидани корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар мавриди барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ба ноҳияи Дӯстӣ сафари корӣ анҷом дода, бо сокинон якқатор вохӯриву мулоқотҳои судманд барпо намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар вохӯриҳои мазкур масъалаи барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо фаҳмонида мешавад. Инчунин, дар ҷараёни вохӯриҳо маводҳои иттилоотию – фаҳмондадиҳӣ мунтазам паҳн мегардад.

 

Сафари гурӯҳи кории ситоди дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон идома дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо