Дар Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба ҳамватанон кумаки хайриявӣ расонида шуд

[:tj] 

20 майи соли равон дар толори қабули бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Екатеринбург ба 115 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯён кумаки хайриявӣ расонида шуд.

Кумак ба андозаи 5 ҳазор рубли русӣ  барои як шаҳрванд буда, ба онҳое расонда шуд, ки қаблан  бар иллати мушкилиҳои моддӣ дар шароити карантин ва буҳрони коронавирус барои имдод ба муассисаи консулӣ муроҷиат карда буданд.

Кумакрасонии хайриявӣ ба андозаи умумии 500 ҳазор рубли русӣ аз ҷониби намояндагони ширкати “Экономмаркет” сурат гирифт. Ширкати мазкурро дар қаламрави Россия ҳамватанони мо таъсис дода, рушду тавсеа медиҳанд. Фаъолияти босамари он, аз ҷумла, минтақаҳои Урал ва Сибирро дар бар мегирад.

                                                                                                 АМИТ “Ховар”[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо