Дар литсейи касбӣ – техникии №14

[:tj]Соли равон бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир ба ғайр аз чорабиниҳои нақшавии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо низ мустақилона чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ доир намуданд.

Аз ҷумла, бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ташкилоти ҷамъиятии “Фонди рушди ҷомеа” дар литсейи касбӣ – техникии №14 мулоқот бо шаҳрвандонро доир намуд, ки дар он зиёда аз 1000 нафар хонандагону омўзгорон, устоҳои таълимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳунармандону косибон ва фаъолони ҷомеа ширкат доштанд.

Чорабинӣ асосан ба мавўзўи муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва пешгириву мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб бахшида шуд. Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар баробари суханронӣ ва посух гуфтан ба саволҳои иштирокчиён дар байни онҳо 5 номгўй маводҳои иттилоотӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ паҳн карданд.

 

                                                                                            Мардон ҚУРБОНОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо