ДАР МАҲАЛЛАИ МАСҶИДИ САВР

[:tj] 

Шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии муштараки навбатии иттилоотӣ – маърифатиро дар маҳаллаи Масҷиди Савр доир намуданд, ки ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм, роҳ надодан ба шомилшавии ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнативу аъзои оилаи онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва муҳоҷирати бехатар бахшида шуд.

Баъди аз ҷониби раиси маҳалла оғози расмӣ бахшидан ба чорабинӣ дар назди иштирокчиён намояндаи Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд лейтенанти калон Ш. Сайфиддинов ва мутахассиси пешбари шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират И. Тӯраев суханронӣ карданд.

Дар ин мулоқот зиёда аз 30 нафар фаъолон аз кӯчаҳои ҳудуди маҳалла иштирок намуданд ва тасмим гирифтанд, ки суханҳои дар ин мулоқот шунидаашонро ба самъи ҳамсоягону ҳамкӯчаҳои худ мерасонанд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардид.

Мардон ҚУРБОНОВ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо