Дар Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ муҳокима гардиданд

17-уми июни соли равон, дар МД «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бо иштироки олимону муҳаққиқон ва мутахасисони соҳа дар мавзӯи «Проблемаҳои такрористеҳсоли сармояи инсонӣ дар иқтисоди Тоҷикистони муосир» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – сарпарасти соҳа Маҳмадуллозода Нурулло бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, қайд намуд, ки ташаббуси чандсолаи таҳқиқотҳои олимон оиди назарияи сармояи инсонӣ боиси он гашт, ки дар соҳаи илм бахши алоҳида барои рушд ва инкишофёбии сармояи инсонӣ пайдо гардида, дар бисёр донишгоҳу донишкадаҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Дар натиҷаи заҳмати олимони соҳа зерқисматҳои ин бахши муҳими ҷамъиятӣ, ба монанди иқтисодиёти маориф, иқтисодиёти дониш, иқтисодиёти мустақили фардӣ ва дигар бахшҳо тавлид шуданд.

Гарчанде оиди мафҳуми «сармояи инсонӣ» то имрӯз баҳсҳо идома доранд, баъзеҳо ҷамъи сармоягузориеро меноманд, ки барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии истеъдодиву ҳунарии одамон сарф карда шудааст. Сармояи инсонӣ ҳамчун омили интенсивии истеҳсолии рушди иқтисодӣ, рушди ҷомеа, оила, корхона ва давлат мебошад. Сармояи инсонӣ дар худ маълумоти касбӣ, нерӯи зеҳнии эҷодӣ, кашфиётӣ ва шоистагии ҳунарӣ доштаро дар бар гирифта, дар муҳити фаъолиятҳои касбию ҳунарӣ барои таъмини вазифаи ҳар як шахсият имкон медиҳад.

Дар чорабинии мазкур аъзо коореспонденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Исломов С.И. ва дигар муҳақиқони соҳа таҳқиқотҳои анҷомшударо доир ба ҷанбаҳои гуногуни сармояи инсонӣ манзур намуданд.

Иштирокдорони мизи мудаввар як қатор тавсияву пешниҳодҳоро доир ба роҳҳои рушди сармояи инсонӣ ва истифодаи самараноки он дар шароити муосир қабул намуданд, ки барои татбиқи амалӣ ба сохторҳои давлатӣ манзур мегарданд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо