ДАР ПАРТАВИ ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

[:tj]Имрӯзҳо аз ҷониби ташкилоту муассиса ва дигар идораву ниҳодҳои масъул ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва иҷрои супоришу вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрук корбарӣ рафта истодааст.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 май ба Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сардори шуъбаи амонатҳо ва қоғазҳои қиматноки Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар вилояти Суғд Шоира Ғаффорова ва сардори шуъбаи молия ва иқтисоди ҳамин муассиса Ҷаъфар Шодиев ташриф оварда, амалиётҳои овердрафт ба дорандагони кортҳои «Амонатбонк»-ро муаррифӣ намуданд.

Бино ба иттилои  Ҷаъфар Шодиев дорандагони кортҳои «Амонатбонк» минбаъд метавонанд ҳангоми тамом шудани маблағи пулӣ дар корти пластикиашон маблағи заруриро ҳамчун аванс истифода баранд. Шартҳои овердрафт чунинанд: маблағи қарз – то 50 фоизи маош, муҳлати қарз – 1 сол,  фоизи қарз – 0, 067 фоиз дар як рӯз, ҳисоби фоиз аз бақияи маблағи қарзи истифодашуда.  Бо ибораи дигар, агар маоши дорандаи корти «Амонатбонк» 1000 сомонӣ бошад, ӯ имкон дорад дар ҳолати пурра истифода бурдани овердрафт, то 500 сомонӣ маблағи иловагиро ҳамчун аванс истифода барад.

Ҳадаф аз ҷорӣ кардани хизматрасонии мазкур ва фароҳам овардани ин имтиёз аз ҷониби Ҷаъфар Шодиев иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, таъмини муваффақияти дорандагони кортҳои «Амонатбонк» арзёбӣ шуд.

 

                                                                         Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                             дар вилояти Суғд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо