[:tj]Боиси хурсандист, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона, иқдомҳои сулҳу ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар наздик ба 2 моҳ аст, ки дар минтақаҳои сарҳадии миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон тинҷиву оромӣ ҳукмфармост. Айни замон ин минтақаҳо аз ҷониби мақомоти амниятӣ ва сохторҳои қудратии ҳар ду давлат таҳти назорати қатъӣ гирифта шудаанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамсоякишвар нисбат ба он нафарони ба истилоҳ “провакатор”, ки тез – тез ба оташи душманию бадбинӣ доман зада, низоъангезӣ мекарданд, чораҳои сахт андешидааст.
Албатта, ин падидаи нек боиси рӯҳбаландии сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Ворухи шаҳри Исфара гардидааст. Ин мардум, ки табиатан инсондӯсту меҳмоннавоз ва дӯстпарвар ҳастанд, таманнои онро доранд, ки дигар нооромиҳо такрор наёбанд ва ҳамаи баҳсҳои сарҳадии миёни ҳамсоядавлатҳо бо роҳи гуфтушунид ва мусолиҳатомез ҳаллу фасл шаванд. Вобаста ба ин масъала ҳатто дар миқёси шаҳру деҳоти Исфара озмуни иншонависон дар мавзӯи “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо” миёни хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуд. Имрӯзҳо сокинон ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз омодагӣ мебинанд ва дар доираи ин омодагиҳо аллакай як қатор чорабиниҳо доир гардиданд. Аз ҷумла, бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва дастгирии Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолон” дар Ҷамоати деҳоти Ворух ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Дар умум ба ин ярмарка бештар аз 350 нафар корҷӯяндагон, шахсони бешуғл, муҳоҷирони меҳнатии дар зодгоҳ қарордошта ва аъзои оилаи онҳо ташриф оварданд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ М. Мирзомансурова ба шаҳрвандон 370 ҷоӣи холии кор ва вазифаи озод бо музди меҳнати аз 400 то 2350 сомонӣ пешниҳод гардид. Дар рафти ярмарка 8 нафар бо ҷои кор таъмин ва 10 нафар ба кори доимӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин радиф 16 нафар худро барои касбомӯзӣ номнавис карданд.
Дар рафти баргузории ярмарка ба таври густурда корҳои иттилоотию маърифатӣ низ ба роҳ монда шуд. Котиби ҷамоат Ш. Бобоева, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ М. Мирзомансурова ва сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара М. Ахмедов дар назди нафарони ба ярмарка ташрифоварда суханронӣ карда, дар радифи дигар хатарҳои замони муосир онҳоро аз хавфи ба аҳли ҷомеаи башарӣ доштаи бемории “коронавирус” низ огоҳ намуданд. Ҳамзамон аҳли ҷомеаро ба пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим, рӯй овардан ба забону ҳунаромӯзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ривоҷи соҳибкории хурду миёна ва ободу зебо гардонидани диёр даъват карданд. Ярмаркаи мазкур дар соли равон сеюмин ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озоди дар ҷамоатҳо доирнамудаи ташкилкунандагони болозикр маҳсуб мешавад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Исфара
[:]