[:tj]Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо аз ҷумлаи табақаҳои осебпазир маҳсуб шуда, хавфи гирифторшавиашон ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла Вируси норасоии масунияти одам бештар мебошад.
Бо назардошти ин, тибқи барқияи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №17,6/114 аз 05.02.2018 сохторҳои зертобеъ вобаста ба масъалаи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили чунин бемориҳо ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир дар байни аҳли ҷомеа, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда истодаанд.
Падидаи ҷолиб ин аст, ки дар аксари чорабиниҳо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ, шуъбаю бахшҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг, ҳамзамон ходимони дин ва фаъолони ҷомеа ширкат меварзанд ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардидани онҳо чораҳои муассир меандешанд.
Маҳз бо дастгирии ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ ва Оббурдон 2-юм ва 5-уми октябр бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ вобаста ба мавзўи болозикр семинари иттилоотӣ – дастурдиҳӣ гузаронид. Дар ин чорабиниҳо 160 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд ва баъди шунидани маърўзаҳо ба саволҳояшон посух гирифта, сатҳи маърифати худро баланд бардоштанд.
Мардон Қурбонов
[:]