Дар Хадамоти муҳоҷират барои пешгирӣ аз коронавирус Ситоди дохилиидоравӣ таъсис ёфт

[:tj] 

Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани маълумоти пешгирикунанда аз  сирояти коронавирус Ситоди дохилидоравӣ таъсис дода шуд.

Роҳбарии Ситоди мазкурро муовини аввали Сардори Хадамоти муҳоҷират ба уҳда дошта, муовини сардор, сардорони раёсату шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ аъзои он мебошанд.

Тибқи нақшаи кории ситод ба тамоми сохторҳои зертобеъи Хадамот дастур дода шудааст, ки дар дохили корхонаҳо тозагӣ ва меъёрҳои гигиению беҳдоштиро риоя намуда, маводи зидди вирусӣ, аз ҷумла ниқобҳоро истифода намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз ҳолати сироятёбӣ ба вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст, вале бо вуҷуди ин, бо мақсади пешигирӣ аз ин беморӣ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез – тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шўяд.  Бояд ба  пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонид. Истеъмоли меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой  бисёр муҳим мебошад.  Инчунин истифода  аз ниқобҳои тиббӣ манфиатовар дониста мешавад.

Бино ба зикри манбаъ, аз ҷониби роҳбари ситод ба масъулин дастур дода шудааст, ки дар тамоми раёсату шуъбаву бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар маҷмўъ, масъулини соҳа, шурўъ аз дастгоҳи марказии Хадамот то бахшу шуъбаву раёсатҳо ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро оид ба пешгирии ҳама гуна вирусҳо ба роҳ монанд, гигиенаи шахсӣ ва меъёрҳои тозагию беҳдоштиро дар ҷойҳои корӣ риоя намоянд. Масъулин ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ, фурудгоҳи байналмилалӣ, истгоҳи роҳи оҳан, шаҳрвандони ҷумҳурӣ -муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО васеъ ба роҳ монда шаванд ва тавассути он мутахассисони соҳа тавсияҳои худро оид ба риояи гигиенаи шахсӣ ба мардум пешниҳод намоянд.

Айни замон тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини фаъолияти муназзами низоми назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастури бевоситаи Сарвари давлат дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда оид ба пешгирии коронавирус таъсис дода шудааст, ки ба он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат шомил мебошанд.

                                                                                          Анвар ЮСУПОВ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо