Дар Хадамоти муҳоҷират Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

[:tj]Бо ибтикори Хадамоти муҳоҷират ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ  ҷамъомади ҷашнӣ баргузор гардид.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ҳозиринро ба муносибати ин рўйдодҳои сарнавиштсоз табрик намуда, аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшу иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, давлатсозиву давлатдорӣ, комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамарўза афзудани эътибори байналмилалии он, дастовардҳои миллӣ баъд аз қабули Конститутсияи нави Тоҷикистонро зикр  намуданд.

Ҳамчунин ба кормандон таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон, ватандўсту ватанпараст будани онҳо, дониш андўхтану таҷрибаомўзӣ, аз худ кардани технологияҳои муосир, ҳушдорӣ ҷиҳати худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир нигоҳ доштан, риояи қонуну қоидаҳои кишвари иқомат ва эҳтироми расму ойини он таъкид карда шуд.

Дар навбати худ чанд нафар аз кормандони Хадамот Рухшона Ёрмаҳмадова, Дилшод Самадов ва Далер Ҳалимов дар робита ба ҳар як санаи ҷашнӣ сухан гуфтанд.

  •                                                                      Анвар Юсупов
  •                                     хабарнигори рўзномаи
  • «Шуғл ва муҳоҷират»

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо