[:tj]Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳо М. Раҷабов, раиси кумитаи кор бо занон ва оила М. Сангинова, мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират И. Тўраев ва сармутахассиси муассисаи давлатии Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Хуҷанд У. Ҳошимова мулоқоти навбатӣ бо сокинону фаъолон дар толори муассисаи таълимии №20, воқеъ дар маҳаллаи «Чилчароғ» доир гардид. Ташкилкунандаи он шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд буд.
Бино ба иттилои мудири шуъба Манзурат Саторова чорабинии мазкур идомаи силсилаи чорабиниҳои барои нимсолаи дуюми соли равон ба нақшагирифташуда буда, дар он 120 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок карданд.
Дар назди ҳозирин оид ба мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират И. Тўраев, оид ба муҳоҷирати бехатар сармутахассиси муассисаи давлатии Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Хуҷанд У. Ҳошимова, оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳо М. Раҷабов ва оид ба оиладориву тарзи ҳаёти солим раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр М. Сангинова суханронӣ карданд.
Баъди анҷоми маърўзаҳо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор доир гардид.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Хуҷанд
[:]