Дар ҳамкорӣ бо ТҶ маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”

[:tj] 

 

 

 

Дар шаҳри Истаравшан чандест, ки Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” фаъолият менамояд ва ҳадафи асосоии он саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон ва таъмини иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.  Падидаи ҷолиб он аст, ки дар доираи фаъолияти худ маҳфил ҳамкории босамарро бо бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан ба роҳ мондааст ва то имрӯз чандин чорабинии муштарак доир намудаанд.

Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№29 ва 41-и ҷамоати Зарҳалол хониши сиёсӣ гузаронида шуд, ки дар рафти онҳо мавзӯъҳои “Саҳми ҷавонон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ”, “Истиқлолият – неъмати бебаҳо”, “Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – маъракаи муҳим ва тақдирсози сиёсӣ”, Шабакаҳои иҷтимоӣ: истифодаи дуруст ба хотири пешгирӣ аз хатарҳо”, “Мубориза бо терроризм ва экстремизм – тақозои замон” ва “Хизмат ба Ватан шараф аст” баррасӣ гардида, ҳамзамон ба иштирокчиёни чорабиниҳо қоидаҳои беҳдоштӣ вобаста ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории “Коронавирус” фаҳмонида шуд.

Сармутахассиси бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Ҷовид Аюбзода, мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан Диловар Рауфов ва як гурӯҳ фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” суханронӣ намуда, аҳли ҷомеаро ба сарҷамъию муттаҳидӣ, ривоҷи бунёдкорию созандагӣ ва иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии дарпешистода даъват намуданд.

 

                                                                           Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                    дар шаҳри Истаравшан     

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо