Дар 10 руз 500 муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ шуд

Як бахши муҳими фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шӯъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳоро баррасии муроҷиати шаҳрвандон ташкил медиҳад.

Аксари муроҷиаткунандагон сабабҳои беруншавӣ аз Федератсияи Русия, ҳолат ва мӯҳлати онро муайян менамоянд. Ба шарофати ташвиқоту тарғибот ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳоло муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар аввал ба Раёсат ва шуъбаю бахшњои Хадамоти муњољират дар шањру ноњияњо муроҷиат намуда, маслиҳат мегиранд. Ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон пурра баррасӣ гардида, ба онҳо оиди ҳолат, сабаб ва мӯҳлати беруншавӣ ба таври шифоҳӣ ҷавоб гардонида мешавад.

Тавре, ки сармутахассиси шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Аҳмадхӯҷа Ахмедов иброз дошт, бо ин мақсад танҳо дар давоми 10 рўзи моҳи январ 170 нафар шаҳрвандон ба маркази маълумотдиҳии Раёсат муроҷиат намуданд. Шумораи муроҷиаткунандагон дар шаҳру ноҳияҳо бошад, наздик ба 400 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар давоми 10 рӯз зиёда аз 500 муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ шудааст.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо