Дар 20 рӯзи аввали соли нав ба Хадамоти муҳоҷират 7053 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд

[:tj]Муроҷиати сокинони мамлакат ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он рӯз то рӯз меафзояд.

Тавре, ба хабарнигори рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират” Анвар Юсупов корманди Дастгоҳи марказӣ Дустмурод Умбаров иброз дошт, дар 20 рӯзи моҳи январи соли 2016 ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 7053 нафар бо дархост муроҷиат намуданд. Аслан, шаҳрвандони кишварамон ба Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамот тавассути муроҷиати шифоҳӣ, хаттӣ ва телефони боварӣ муроҷиат менамоянд.

Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон – шифоҳӣ – 6296 нафар, хаттӣ – 139 нафар ва телефони боварӣ – 618 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 873 нафар занон мебошанд.
Ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти имрӯзаи Хадамоти муҳоҷират – қабул ва роҳнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мебошад. Ҳамарӯза шумораи муроҷиаткунандагон ба Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират афзуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 2456 нафар шаҳрвандони кишвар дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират қарор доштанд, аз сафари бебарор баргардонида шуданд.

Ба ин рақамҳо диққат диҳем. Агар муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират дар соли 2012 – 547 нафар, соли 2013 – 15480 нафар, соли 2014 – 71 ҳазор нафарро ташкил дод, пас дар соли 2015 шумораи он ба 112183 нафар расид. Бояд гуем, ки ба ҳамаи муроҷиаткунандагон аз ҷониби кормандони Шуъба маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуда, 4 намуд буклетҳо оид ба қонунгузори нави Федератсияи Россия ройгон тақсим карда мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон ба кӯмаку дастгирӣ ва маслиҳати кормандони Хадамоти муҳоҷират ниёз доранд.

Ҳамзамон 7762 нафар шаҳрвандоне, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ карда шудааст, Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин карда шуданд.

Айни замон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия гуруҳи экспертӣ оид ба 5 категория руйхати шаҳрвандоне, ки ба онҳо воридшавиашон ба қаламрави Россия манъ карда шудааст, таъсис дода шудааст.

Аз ҷониби ин гурӯҳи экспертӣ ба зиёда аз 1444 нафар шаҳрвандони кишварамон, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ карда шуда буд, иҷозаи дубора ворид шудан ба ин кишварро гирифтанд. Айни замон кор дар ин самт идома доранд.

Аз ин лиҳоз, ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонем, шахсоне, ки воридшавиашон ба қаламрави Россия манъ карда шудааст, метавонанд ҳуҷҷатҳои зеринро ба Хадамоти муҳоҷират пешниҳод намоянд:
1) Наздикони оила, ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро дошта бошанд (шиноснома, ақди никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуди падару модар, бародару хоҳар, зану шавҳар);
2) Донишҷӯёне, ки дар шуъбаҳои рӯзона дар Федератсияи Россия таҳсил менамоянд (шиноснома, маълумотномаи аз донишгоҳ ё донишкада, билети донишҷӯ ва дафтарчаи имтиҳонот);
3) Шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дорои патент, иҷозати кор, иқомат барои зист (вид на жительство и РВП) фаъолият намудаанд (чекҳои патенти ҳармоҳа ва шартномаи меҳнатӣ);
4) Шахсоне, ки барои табобат ба Федератсияи Россия мераванд (роҳхати беморхонаи Федератсияи Россия ва маълумотнома дар бораи табобат дар қаламрави ФР);
5) Шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дар номи худ амвол доранд (имущество) яъне, (дар номи худ хона ва замин дорад нусхаи шиносномаи хона ва замин, сертификат).

Шахсоне, ки воридшавиашон ба ин кишвар манъ карда шудааст ва ҳуҷҷатҳои мазкурро доранд, метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо