[:tj]
Ҳамкории густурда бо ниҳодҳои гуногун самаранокии корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷандро таъмин намуда истодааст. Боиси қайд аст, ки масъулини шуъба барои дарёфти ҳамкорони нав дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва талошҳояшон беҳуда намеравад.
Аз ҷумла дар ташкил ва гузаронидани мулоқот бо сокинони маҳаллаи Чорчароғ дар баробари КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ саҳми шоиста гузоштанд.
Чорабинии мазкур дар бинои чойхонаи «Чорчароғ» дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ҷараён гирифт. Маърӯзачиён ба ғайр аз мавзӯи пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории «Коронавирус» оид ба дигар масоили доғи рӯз низ изҳори андеша намуда, дар симои иштирокчиёни мулоқот аҳли ҷомеаро ба ваҳдату ҳамдилӣ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бунёдкорию созандагӣ даъват карданд.
Зимни тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории КОВИД – 19 маслиҳат дода шуд, ки тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ ба рақами кӯтоҳ (211)-и маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масоли бемории мазкур занг зананд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Хуҷанд [:]