Дастовардҳои варзишии Дилнора

[:tj]Дилнора 4 сол дошт, ки падару модараш Ҳувайдо Ғуломҳайдаров ва Боёфта Ясакиева ба шаҳри Маскваи Федератсияи Россия муҳоҷир шуданд. Агарчанде тақдири  кўдаки хурдсолро якбора аз деҳаи  Нишуспи ноҳияи Шуғнон гирифта, ба шаҳри калони пурғавғо андохт, вале  ў зуд ба муҳити нав мутобиқ гардид. Волидон шавқу завқи кўдаки фаъолро ба назар гирифта, худи ҳамон сол духтарчаашро ба мактаби захираҳои олимпӣ доданд ва ў ба машқи дзюдо ва джиу-дитсу оғоз намуд.

Аз қадами нахустин ба мактаби захираҳои олимпӣ то имруз 11-сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат Дилнора камол ёфта, дар мусобиқоти зиёд ширкат варзида  соҳиби дастовардҳои варзишӣ гардид. Барои ғолибият дар мусобиқот дар солҳои гуногун  ў  6 медали тилло, 8 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ  ба даст оварда онҳоро гўшаи ифтихори хонаашонро зиннат медиҳад.

Аз соли 2018 Дилнора дар мусобиқаи байнимактабїӣ аз намуди дзюдо  соҳиби ҷойи аввал  гардида , дар мусобиқаи дзюдочиёни наврас  ба ифтихори рўзи байналмиллалии занон ва барои кубоки кайҳонавардон ба мақоми ҷоизавӣ баромад.

Аз моҳи сентябри соли гузашта Дилнора дар мактаби варзишӣ ба машқи самбо шурўъ намуд. Варзишгари наврас аллакай дар мусобиқаҳои якҳарбаи варзишӣ дар фестивали Москва бахшида ба  рўзи 23 феврал ширкат варзида, аз руйи ин намуди варзиш маҳорати баланд нишон дод.

Ба таҳсили хубу аъло дар мактаб ва тамрини пайвастаи ҷисмонӣ нигоҳ накарда, варзишгари наврас рўзҳои истироҳат дар чорабиниҳои фарҳангии ҷамоат ширкат меварзад. Кўшиш менамояд, ки дар баробари арҷ гузоштан ва омўхтани фарҳанги мардуми дигар аз арзишҳои фарҳанги миллӣ  дур  намонад. Зеро тавре мегуянд, «Руҳи солим дар тани солим»

                                                                 Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                               дар шаҳри Хоруғ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо